20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад

695
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумати мамлакат ва ротаи қаровули фахрӣ пешвоз гирифтанд.

Ин сафари аввалини Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Баъд аз чанд лаҳза дар Қасри миллат истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон доир мегардад. Дар назар аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат бо Шавкат Мирзиёев мулоқот намояд, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешаванд. Дар нимаи дуюми рӯз дар ҳамон ҷо гуфтушунидҳои намояндагони расмии ҳарду давлат бо ҳайати васеъ доир мегарданд, ки зимни онҳо беш аз 20 ҳуҷҷати нав оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво