Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
176
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат сарвари кишвари дӯсти Озарбойҷон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати зодрӯзашон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро изҳор доштанд. Сарони ду давлат оид ба самтҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои мушаххаси рушди онҳо табодули афкор анҷом доданд. Президентҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамзамон масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |