24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

781
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаъол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво