29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян

682
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Серж Азатович,

Санаи ҷашнии биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон бароям фурсати муносибе фароҳам овардааст, ки ба Шумо табрикоти самимии худро бифиристам.

Бо изҳори қаноатмандӣ мехоҳам таъкид намоям, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Арманистон чи дар қолаби дуҷониба ва чи дар асоси бисёрҷониба рушду тавсеаи рӯзафзун ёфта, мазмуну муҳтавои нави амалиро касб кардаанд.

Мо сатҳи имрӯзаи ҳамёрии кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва азм дорем, ки онро дар ҳама арсаҳои манфиатҳои муштарак минбаъд низ густариш диҳем.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш мехоҳам изҳори умед намоям, ки ба хотири таъмини манфиатҳои аслии мардумонамон ва шукуфоии кишварҳоямон мо бо саъйю талошҳои ҳар ду ҷониб муносибатҳои Тоҷикистону Арманистонро ба зинаҳои сифатан нави рушд боло хоҳем бурд.

Муҳтарам Серж Азатович, таманниёти неки моро бо дархости сиҳатмандии комили Шумо, комгорӣ дар фаъолиятатон ва сулҳу рифоҳу шукуфоӣ барои мардуми дӯсти Арманистон қабул фармоед».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати санаи барои кишварҳоямон ва мардумонамон муҳим – 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Дар зарфи чоряк аср бо талошҳои муштарак дар рушди муносибатҳои байнидавлатии Арманистону Тоҷикистон, ки бар асоси анъанаҳои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи мардумони кишварҳоямон асос ёфтаанд, натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тасдиқи ин хусусияти манфиатдори муколамаи сиёсӣ, ҳамоҳангии зич дар доираи СММ, САҲА, СААД ва дигар шаклҳои бисёрҷониба, заминаи қарордодию ҳуқуқии мавҷуда ва ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва гуманитарӣ мебошанд.

Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки ҳоло дар аксарияти соҳаҳои ҳамкории дуҷониба барои оянда захираи фарогир мавҷуд аст ва барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас, ки метавонанд ҳамкории Арманистону Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав бароранд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина мехоҳам муҳимияти созишҳоямонро, ки зимни сафари расмии Шумо ба Арманистон моҳи июли соли равон ба даст омада буданд, махсус зикр намоям.

Ҳамаи ин мутмаин месозанд, ки ҳамкории дуҷонибаи дорои иқтидори бузург бо шарофати талошҳои муштаракамон минбаъд низ тақвият ёфта, ҳамаи соҳаҳои нави ҳамгироиро, ки бешубҳа, ҷавобгӯи манфиати мардумони Арманистону Тоҷикистон мебошанд, фаро мегиранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, муҳтарам ҷаноби Президент, мехоҳам ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон таманниёти беҳтарин-комёбиҳо, сулҳ ва некӯаҳволиро ирсол дорам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво