29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

171
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Эрон ва аҳли пайвандону наздикони қурбониён маротиби ҳамдардӣ ва тасаллиёти ин ҷонибро иброз менамоям.

Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво