Барқияҳои тасаллият аз сарони як қатор давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
744
Дар робита ба даргузашти Нуриддин Раҳмон-бародари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои тасаллият ворид гардиданд.
Дар Паёми тасаллияти Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ал-Сабоҳ омадааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,,, Бо андуҳи гарон вафоти бародари гиромиатон Нуриддин Раҳмонро (Худо раҳматаш кунад) қабул намудам. Ҷаноби Олӣ, самимонатарин таъзия ва ҳамдардии содиқонаи хешро ба Шумо барои ин мусибат арз менамоям ва аз даргоҳи Худои Мутаол масъалат дорам, ки марҳумро мағфират ва дар ҷаннати худ сокин гардонида, ба Шумо ва оилаи муҳтарам сабру шикебоӣ ва ҳусни азодорӣ ато гардонад. Мо аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бармегардем,,,» Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи тасаллияти худ гуфтааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Хабари даргузашти бармаҳали бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтам. Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро дар робита ба талафоти сангине, ки ба сари Шумо ва наздиконатон омад, қабул фармоед». Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар номаи тасаллияташ чунин нигоштааст: “Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Хабари марги ногаҳонии бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо андӯҳи гарон дарёфтам. Талаф додани шахси наздик ин андӯҳи гарон ва талафоти бебозгашт аст. Дар ин лаҳзаҳои душвор хоҳишмандам тасаллияти амиқи маро бипазиред, инчунин эҳсоси ҳамдардиро ба наздикону пайвандонатон расонед». Дар барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев гуфта мешавад: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Хабари марги бармаҳали бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо андӯҳи амиқ дарёфтам. Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез аз номи халқи қирғиз ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва аҳли оилаатон изҳори ҳамдардии амиқ менамоям. Андӯҳи талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат мекунем».
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |