22 июн 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»

908
Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба гузориши сомонаи “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи «ЭКСПО – 2017» Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои таассуроти неки боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2017» дар Остона, ки 3 моҳ қабл ба кор оғоз карда буд, беш аз 100 кишвари ҷаҳон охирин дастовардҳои худро дар соҳаи “энергияи сабз” ё баргаштпазир дар маърази диди боздидкунандагон қарор доданд.

Дар расми ифтитоҳи ин намоишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Онҳо дар ҳошияи саммити навбатии СҲШ аз ин намоишгоҳ боздид ба амал оварданд.

Тавре мо қаблан хабар дода будем, дар ҷараёни кори Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2017» дар Остона беш аз 400 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои гуногуни олам аз павилйони Тоҷикистон дидан карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво