12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқот намуданд

156
13 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ва шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо сохтмончиёни ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти охирин бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки беш аз якуним сол сипарӣ гаштааст ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки корҳои дар ин муддат ба анҷомрасонидашуда, аз ҷумла дар ЛОТ-ҳои 1,2,3,4, обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд ва шахтаи ҳаводиҳанда қонеъкунанда буда, собитгари матонату диловарии ҳар як сохтмончӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба имрӯз беш аз 4,6 миллиард киловатт–соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.

Ҳамасола дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба нерӯи барқ дар ҳаҷми ду — дуюним фоиз мегардад.

Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба нерӯи барқ дар ҳаҷми ду — дуюним фоиз мегардад ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар, яъне қариб 2 баробар зиёд шуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум низ талаботро ба нерӯи барқ торафт бештар мегардонад.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, аз ибтидои соли 2022 панҷсолаи саноатикунонии мамлакат шурӯъ гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин намудани соҳаҳои саноат, алалхусус, саноати маъдан, металлургия, кимиё ва саноати сабук бо неруи барқ ҳатмӣ мебошад.

Бинобар ин, аз ҷониби Сарвари давлат тезонидани ҷараёни корҳо дар иншооти неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пеш аз муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода дадани агрегатҳои навбатӣ зарур шуморида шуд.

Аснои суханронӣ Президенти мамалакат таъкид намуданд, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст ва барои идомаи сохтмони неругоҳ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳоло дар майдони сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд ва шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 адад мебошад.

Дар робита ба кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид гардид, ки дар марҳалаҳои якум ва дуюм, дар маҷмӯъ, 2726 оила бо шумораи 12 540 нафар аҳолӣ кӯчонида шудааст ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат дошта, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар инфрасохтор таъмин гардидаанд.

Аз ҷумла, барои аҳолии кучонидашуда дар солҳои 2011-2021 9 мактаб барои беш аз 7000 ҷойи нишаст, 7 бунгоҳи тиббӣ бо 175 кат, 38 километр хатти оби нӯшокӣ, 103 километр хатти интиқоли барқ, 109 километр роҳу роҳрав, боғи фарҳангу фароғат, варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ба маблағи умумии 718 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ба таъкиди Президенти мамлакат дар самти бунёду навсозии дигар инфрасохтори зарурӣ, ба хусус роҳҳои автомобилгард иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 383 миллион доллар, яъне қариб 4 миллиард сомонӣ оғоз гардида, мувофиқи нақша то баланд гардидани сатҳи оби обанбори неругоҳ дар се марҳала ба анҷом расонида мешавад.

Дар доираи марҳалаи якум то моҳи марти соли 2024 бунёди зиёда аз 30 километр роҳи асосии Обигарм – Тагикамар ба маблағи 151 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Марҳалаи дуюми лоиҳа бо арзиши беш аз 151 миллион доллар қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нурободро ба масофаи 46 километр дар бар мегирад ва анҷоми он низ то моҳи марти соли 2024 пешбинӣ гардидааст.

Дар ин масир сохтмони нақби Тагикамар бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ ва иншооти дигар амалӣ карда мешавад.

Дар марҳалаи сеюми лоиҳа то соли 2026 сохтмони пули бузург бо дарозии тақрибан 760 метр аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» бо маблағгузории 50 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифода мақсадноки захираҳои обӣ бо назардошти вазъи феълии тағйирёбии иқлим изҳори андеша карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум мамлакати пешсафи сайёра мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳоро ба он равона сохтааст, ки дар вазъияти тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он истеҳсоли «энергияи сабз»-ро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода намояд изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуда, ҳамчунин, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шудааст.

Дар ин давра барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз рушди босуботи соҳа изҳор доштанд, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад.

Аснои суханронӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чанде қабл дар доираи ҳамсоягии нек ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Айнӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт оғоз бахшида шуд.

Баҳри афзоиши истеҳсоли неруи «барқи тоза» ва рушди соҳаи энергетикаи мамлакат дар оянда боз даҳҳо неругоҳи барқи обии бузургу миёна, аз ҷумла неругоҳи «Шӯроб»-ро бо истифодаи ширкатҳо ва таҷрибаву малакаи коргарону мутахассисони дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» саҳмдошта бунёд карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ширкати “Вибилд”, ки тибқи шартнома бунёди сарбандро ба уҳда гирифтааст, вазифадор намуданд, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлати муайянгардида таъмин намуда, тадбирҳои сохтмониро бо истифода аз имконити ҷойдошта вусъат бахшад.

Баъди таҳлили пурраи ҷараёни корҳо дар иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи саривақтиву ҳамаҷонибаи вазифаҳои дарпешистода ва дар муҳлатҳои таъиншуда анҷом додани корҳои сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти неругоҳ ва ширкатҳои сохтмониро вазифадор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар моҳи декабри соли 2024 ба истифода додани агрегати чоруми неругоҳ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи Фармоишгар-Консортсиуми «Трактебел ва Электроконсулт», менеҷери Лоиҳа Кристоф До, роҳбари минтақавии ширкати «Вибилд» Армандо Тамаи, Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Сафаров Иқбол, Директори заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак Азимов Хуҷамурод, корманди Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж» Зайдов Зубайдулло, Директори мудирияти минтақаи зериобшаванда Ҷалилзода Манучеҳр, Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии «Роғун» Сафарзода Хайрулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, экспертизаи давлатии лоиҳаҳо ва назорати сифати сохтмон, иҷрои корҳо дар Лотҳои 1, 2, 3 ва 4, сохтмони сарбанд, ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар масъалаҳои вобаста ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳисобот доданд. Ҳамчунин як нафар сохтмончӣ оид ба аҳамияти бунёди ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат андешаҳои худро иброз намуд.

Дар гузориши директори Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода таъкид гардид, ки бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат руҳияи бунёдкорӣ дар иншоот созандаву умедбахш аст.

Гузориши Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода фарогири ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сохтмончиёни нерӯгоҳ аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти таҳкими истиқлоли энергетикии кишварамон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, баҳри иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ якдилона талош меварзанд.

Дар ин росто заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи ҳар як нафар, ки дар ин иншооти аср софдилонаю содиқона заҳмат мекашад номаш дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад ва мардуми шарифи тоҷик натиҷаи фаъолияти содиқонаи сарсупурдагони ватанро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво