19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе

610
Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ширкати Поли Технолоҷӣ Ван Синйе мулоқот карданд.

Дар ҷараёни суҳбат дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ ва масъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати дарҳои боз барои ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва Ширкати Поли Технолоҷӣ низ метавонад дар радифи дигар ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти судовар дошта бошад.

Роҳбарияти ширкат бо ҳавасмандӣ аз фазои мусоиди сармоягузорӣ бо итминон иброз доштанд, ки оянда корхонаҳои муштараки саноатии истихроҷу коркарди захираҳои моддӣ, дигар коргоҳҳои навро ба манфиати ҳар ду ҷониб бунёд менамоянд ва дар самти рушди технологияҳои коммуникатсионӣ, инчунин рушди дигар соҳаҳои ояндадор ҳамкорӣ менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво