29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян

2135
Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаю ояндадори Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси маҷмуи санадҳои муҳими ҳуқуқии ҳамкорӣ танзим мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давоми солҳои барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ҳарду ҷониб ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардида, сохторҳои зарурии тақвиятдиҳандаи ин ҳамкориҳо таъсис дода шудаанд.

Аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва нақши парлумонҳои ҳар ду давлат дар рушду тавсеаи ин муносибатҳо таъкид гардид.

Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии палумонҳои ду давлат дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво