6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун

2419
Ҳамдиёрони зиз!

Ноҳияи Ҷайҳун яке аз мавзеъҳои аз лиҳози кишоварзӣ асосиву муҳимми вилояти Хатлон ва кишварамон ба ҳисоб рафта, бо заминҳои ҳосилхез, обҳои фаровон ва муҳимтар аз ҳама, бо мардуми заҳматкашу ганҷофараш шуҳрат дорад ва хусусан, солҳои охир дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом саҳми пурарзиш гузошта истодааст.

Сокинони заҳматқарини ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути истифодаи самараноки обу замин, техникаву технологияҳои замонавии кишоварзӣ ва тухмиҳои аълосифат ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, айни замон бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекунанд ва ҳамзамон бо ин, дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат нақши арзанда доранд.

Дар ҷараёни боздиди имрӯза мо хуб мушоҳида кардем, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Ҷайҳун дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба хотири истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу бузурги 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ободу пешрафта гардонидани диёри худ хеле корҳоро анҷом додаанд.

Итминон дорам, ки дар ояндаи начандон дур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, амалисозии барномаҳои давлатӣ ва кӯшишу ғайрати хурду бузурги ноҳия шароити зиндагии сокинони он боз ҳам беҳтар мегардад.

Зеро Ҳукумати кишвар ба масъалаи рушди устувори ноҳия ва беҳтар гардонидани зиндагии сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, бо ин мақсад аз ибтидои даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷети давлат 326 миллион сомонӣ равона кардааст ва дар солҳои 2018-2020 ҷудо кардани 185 миллион сомониро ба нақша гирифтааст.

Дар ин муддат 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад ва аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент як қисми роҳҳои дохилии ноҳия ба маблағи 3 миллион сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ шудааст.

Ҳукумати мамлакат бо қарори худ Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро барои солҳои 2016-2020 қабул кардааст, ки дар асоси он 194 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 165 миллион сомонӣ амалӣ гардида, бисёр масъалаву мушкилоти ноҳия ҳаллу фасл карда мешавад.

Бояд зикр кард, ки дар ҷодаи амалӣ намудани иқдомоти созанда истифодаи васеъ аз нерӯи соҳибкорони ватанӣ, шахсони ҳимматбаланд ва умуман, аҳолии мамлакат тавассути бартарафсозии монеаҳои сунъии маъмурӣ ба манфиати кор ва омили муҳимми пешрафт мебошад.

Бинобар ин, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқии амалисозии лоиҳаҳои сармоягузориро бо истифода аз имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мукаммал гардонида, ба амалисозии ташаббусҳои ободгаронаи соҳибкорону сармоягузорон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули сокинони ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 баробар афзуда, соли гузашта ба маблағи 640 миллион сомонӣ ва дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 327 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Дар ноҳия ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон, аз ҷумла бо Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” дар самти беҳтарсозии ҳолати мелиоративии замин ва азхудкунии заминҳои нав хуб ба роҳ монда шуда, аллакай натиҷаҳои назаррас додааст.

Аз ҷумла дар доираи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба иттиҳодияи мазкур дар ноҳияи Ҷайҳун барқарорсозии қариб 8900 гектар заминҳое, ки қаблан аз гардиши кишоварзӣ баромада, тӯли даҳсолаҳо дар ҳолати партов қарор доштанд, вобаста карда шудаанд.

Дар зарфи солҳои 2015-2016 аз ҷониби Иттиҳодияи “Водии заррин” 220 техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ ворид гардида, майдони беш аз 6700 гектар заминҳои бекорхобида барқарор карда шудааст ва тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат инфрасохтори деҳот ва роҳҳои байнихоҷагӣ азнавсозӣ гардидаанд.

Соли 2016 бо дарназардошти пешравиҳо дар азхудкунии заминҳои бекорхобидаву партов ба иттиҳодияи мазкур иловатан 3100 гектар замин ҷудо карда шуд.

Сармоягузорон бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои вобасташуда дар дарёи Вахш пойгоҳи обрасонии муосирро бо азимтарин таҷҳизоти обкашӣ дар кишвар бо иқтидори 92 ҳазор метри мукааб об дар як соат сохта, мавриди истифода қарор доданд.

Ҳоло аз ин об дигар хоҷагиҳои деҳқонии минтақа низ истифода бурда истодаанд.

Иттиҳодияи зикршуда, инчунин, ба таври ройгон дар корҳои ободониву барқарорсозии ҳудуди мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” фаъолона иштирок дорад.

Умуман, аз тарафи Иттиҳодияи “Водии заррин” дар тӯли солҳои 2015-2017 дар вилояти Хатлон доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, инфрасохтори истеҳсолӣ ва беҳсозии шароити деҳот беш аз 880 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.

Дар баробари марҳала ба марҳала афзоиш додани кишт ва ҷамъоварии ҳосил ҳоло дар ҷамъияти мазкур беш аз 2300 нафар аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд ва илова бар ин, иттиҳодия дар давоми фаъолияти худ ба буҷети давлат беш аз 27 миллион сомонӣ андоз супоридааст.

Бо дарназардошти иқдомоти зикршуда ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо дар ҷодаи боз ҳам беҳтар гардонидани натиҷаҳои истеҳсолӣ барори кор мехоҳам.

Бояд гуфт, ки дар баробари муваффақияту пешравиҳо ҳанӯз захираву имкониятҳои ноҳия зиёд буда, барои истифодаи самараноки онҳо боз ҳам бештар заҳмат кашидан зарур аст.

Масалан, соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони зиёда аз 19 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронидаанд, ки назар ба соли 1991-ум 1000 гектар кам буда, кишти пахта 6500 гектар, истеҳсоли гӯшт 1000 тонна, шир 900 тонна, пилла 112 тонна ва майдони токзор 90 гектар коҳиш ёфтааст.

Шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта масоҳати кишти картошка 100 гектар, сабзавот 210 гектар ва истеҳсоли картошка 1200 тонна кам шудааст.

То имрӯз дар майдони беш аз 7400 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин рақам бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Ҳолати дигари нигаронкунанда ин аст, ки дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ масоҳати заминҳои корами обии ноҳия беш аз 6200 гектар кам шудааст.

То имрӯз қариб панҷуним ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 5100 гектар заминҳои корами обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд, ки 24 фоизи заминҳои партови вилояти Хатлонро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки айни замон зиёда аз 26 ҳазор гектар заминҳои ноҳия бо об таъмин буда, имконияти обёрӣ намудани боз ҳазорҳо гектар мавҷуд мебошад.

Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои зикршуда, истифодаи самараноки заминҳо, махсусан, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ ба ин самт, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти гидротехникӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бори дигар хотиррасон месозам, ки вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.

Танҳо зарур аст, ки ба хотири афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва аз талафот эмин нигоҳ доштани маҳсулот ба бунёду барқарорсозии гармхонаву сардхонаҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад.

Бо вуҷуди он, ки соли 2016 дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи қариб 90 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли 2015 — ум 16 миллион сомонӣ афзудааст, аммо дар ин самт ҳанӯз масъалаҳои зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд.

Тадбирҳои аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ андешидашуда чандон кофӣ ва самарабахш нестанд.

Масалан, соли 2016 аз 6 корхонаи саноатии ноҳия 4 корхона фаъолият карда, субъектҳои соҳибкории ба қайд гирифташуда асосан дар соҳаҳои ғайрисаноатӣ фаъолият намудаанд.

Дар баробари ин, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” низ қонеъкунанда нест.

Ҳол он ки аз соли 2009 то инҷониб аз ҳисоби буҷети давлат барои нигоҳдорӣ ва сохтмони иншооти зарурати аввалияи он 6 миллион сомонӣ маблағ сарф гардида, бунёди инфрасохтори он ба анҷом расонида шудааст.

Ҳоло дар минтақаи мазкур 14 ширкат ба қайд гирифта шудааст ва то имрӯз ҷиҳати ба фаъолият оғоз кардани онҳо ҳамагӣ 7 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, 100 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ин рақамҳо нисбат ба имкониятҳое, ки дар минтақа вуҷуд доранд, ночизанд.

Яъне фаъолияти минтақа ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ва беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад, зеро суръати ҷараёни сохтмони иншооти истеҳсолӣ хеле суст буда, инфрасохтори бунёдгардидаи он ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ намебошад.

Бояд гуфт, ки дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ маҳсулоти саноатӣ умуман истеҳсол нашудааст ва корҳои сохтмон низ иҷро нагардидаанд.

Бинобар ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин барои суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақа чораҳои фаврӣ андешанд.

Тайи солҳои 1997-2016 дар ноҳияи Ҷайҳун тавассути дастгириҳои давлат, инчунин, бо кумаки соҳибкорон даҳҳо бинои нави таълимӣ ва 271 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуда, дар маҷмӯъ, барои беш аз 7200 ҳазор нафар хонанда шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст.

Дар давоми 4-5 соли оянда дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар ноҳияи Ҷайҳун бунёду азнавсозии 24 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 45 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Лекин то имрӯз дар сатҳи паст қарор доштани сатҳу сифати дониши хонандагон, пурра фаро гирифта нашудани духтарон ба зинаи таҳсилоти умумӣ, сатҳи нокифояи таъминот бо омӯзгорони фанҳои дақиқ ва иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар ноҳия боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Ҳамчунин, тақвият додани корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳну шуури ҷавонон бедор кардани нангу номуси миллӣ, ҳисси ватанпарварӣ ва ҳимояи онҳо аз гароиш ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби рӯз мебошанд.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълим эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла дар самти иҷрои барномаи зикршуда, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосири иттилотиву коммуникатсионӣ ва бартараф намудани таҳсили хонандагон дар се баст тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Илова бар ин, такроран хотиррасон менамоям, ки ҳар яки мо бояд дар кору зиндагӣ ба сарфаи мақсадноки маблағҳои давлативу буҷети оилавӣ доим аҳаммият диҳем.

Бахусус, риояи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳои миллӣ, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд кори ҳаррӯзаи ҳамаи роҳбарону масъулон, падару модарон, аҳли маориф, зиёиёну фаъолон ва шахсони рӯзгордидаву обрӯманд бояд бошад.

Чунки ҳадафи ниҳоии қонунҳои зикршуда, бешубҳа, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба камол расонидани насли шоистаи миллат, яъне ояндаи осудаи мову шумо мебошад.

Ҳоло мову шумо ҳамчун созандагони давлати озоди ҳуқуқбунёду дунявӣ дар остонаи ҷашни 26-солагии истиқлолияти давлатӣ қарор дорем.

Аз ин рӯ, вазифадорем, ки барои дар сатҳи баланди давлатӣ ва ба таври шоиста таҷлил кардани ин ҷашни муқаддасу муборак саъю талоши бештар намоем.

Ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони муосир ҳамеша бояд ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат омода бошем, мардумро ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он раҳнамоӣ созем, фарзандонамонро дар рӯҳияи илму донишандӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунар, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.

Дар охир бори дигар кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Ҷайҳунро ба ифтихори ҷашни 26-солагии истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, хонаи ободу рӯзгори пурфайз ва барору муваффақият орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво