6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш

1039
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Басо рамзист, ки мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо — сокинони ҳимматбаланду қавииродаи ноҳияи Вахш дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни барои ҳамаамон муқаддасу муборак — бистушашсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон баргузор шуда истодааст.

Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Вахш таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, мо ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон зина ба зина ноил шуда истодаем.

Дар ҷараёни сафарҳои кории имсола ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Балҷувону Қубодиён, Шаҳритусу Носири Хусрав, Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ ва Бохтар бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияту рӯзгори аҳолӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ шинос гардида, итминон ҳосил намудем, ки мардуми бонангу номуси вилоят, аз ҷумла сокинони заҳматпешаи ноҳияи Вахш ба хотири расидан ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, ободии шаҳру ноҳияҳо ва боз ҳам беҳтар кардани шароити зиндагии худ содиқонаву аҳлона кӯшиш карда истодаанд.

Дар Паёми соли гузаштаи Роҳбари давлат зикр гардида буд, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 қабул гардида, дар асоси он пешбинӣ шудааст, ки ҳамасола то 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода, дар ин муддат маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3 баробар ва ҳиссаи сармояи хориҷӣ 5 баробар афзуда, ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна аз 22 то 50 фоиз зиёд карда шавад.

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи тарҳрезишуда дастгириву маблағгузории давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору фаъолияти сокинон сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Масалан, дар давоми 10 соли охир барои тараққиёти ноҳияи Вахш аз буҷети давлат 475 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини пешрафт ва роҳи ҳалли масъалаҳои мавҷуда аҳаммияти махсус дода, дар ин раванд барои тараққиёти соҳаҳои кишоварзиву энергетика ва маорифу тандурустии ноҳияи Вахш дар доираи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 220 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Соли 2013 тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент беш аз 6 километр роҳҳои мошингарди дохили ноҳия ба маблағи 10 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

Бо дарназардошти он, ки ноҳияи Вахш яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии мамлакат мебошад, мо имрӯз дар маркази ноҳия бунёди Коллеҷи аграрии вилояти Хатлонро оғоз кардем ва ба роҳбарону масъулон дастур додем, ки сохтмони онро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд, то ин ки муассисаи зикршуда ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи аграрии вилоят оғоз карда, дар ҳалли масъалаи таъмин намудани соҳаи кишоварзии вилоят бо кадрҳои соҳибихтисос саҳми худро гузорад.

Ҳоло татбиқи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш барои солҳои 2016-2020 идома дорад, ки дар асоси он амалисозии 169 лоиҳа ҷиҳати ободиву пешрафти марказ ва деҳоти ноҳия ба маблағи 240 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ки таҳлили ҷараёни иҷрои барнома нишон медиҳад, танҳо дар соли гузашта 28 лоиҳа амалӣ шудааст ва зарур аст, ки суръат ва сатҳу сифати иҷрои барнома боз ҳам беҳтар карда шавад.

Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдоро таъкид менамоям, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои кишвар ба масъалаи сатҳи афзалиятнокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барномаҳои тараққиёти шаҳру ноҳияҳоро бо ҳадафҳои аввалиндараҷаи рушди кишвар ва стратегияву барномаҳои милливу соҳавӣ ҳамоҳанг созанд.

Дар чунин сурат масъалаҳои вобаста ба пешрафти шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти захираву имкониятҳои онҳо нисбатан пурра фаро гирифта шуда, маблағгузории лоиҳаҳо ва иҷрои босифату саривақтии онҳо таъмин мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли гузашта кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез, оби фаровони полезӣ ва дигар захираву иқтидорҳои мавҷуда ба маблағи 733 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ин нишондиҳандаро ба 202 миллион сомонӣ расонидаанд.

Кишоварзони асил минбаъд низ метавонанд бо роҳи истифодаи оқилонаи обу замин, кам кардани масоҳати заминҳои партов, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии онҳо ба натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтар ноил шуда, ҳамасола рушди соҳаи кишоварзиро 10-12 фоиз афзоиш диҳанд.

Вале тибқи таҳлилҳо соли гузашта ва шаш моҳи соли ҷорӣ, бо вуҷуди имкониятҳои фаровони ноҳия, ҳаҷми истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулот коҳиш ёфтааст. Масалан, майдони кишти пахта 380 гектар ва картошка 260 гектар кам шудааст.

Дар шароите, ки баҳору тобистони соли ҷорӣ талабот ба картошка ва нархи он хеле боло рафт, истеҳсоли ин намуди маҳсулоти ғизоӣ дар ноҳияи Вахш 24 фоиз коҳиш ёфтааст.

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии фаъолияти кишоварзони ноҳия буда, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии он даромади зиёд гирифта, корхонаҳои саноати сабукро бо ашёи хом таъмин кардан ва афзун гардонидани ҳаҷми содирот мумкин аст. Пахтакорӣ, ҳамчунин, манбаи хуби ҷойи корӣ мебошад.

Лекин тибқи омори расмӣ ҳосилнокии пахта дар вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Вахш аз як гектар ба ҳисоби миёна 17 сентнерро ташкил медиҳад,ки чунин вазъ боиси нигаронӣ мебошад.

Ҳол он ки ноҳияи Вахш солҳои пеш яке аз мавзеъҳои пешсафи пахтакорӣ буд ва бо деҳқонони асили худ шуҳрати зиёд дошт. Водии Вахшро беҳуда водии зархез намегуфтанд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарону мутахассисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш зарур аст, ки бо истифода аз роҳу усулҳои ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ба онҳо дастрас кардани тухмии аълосифат рушди соҳаи пахтакориро таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки имкониятҳои ноҳияи Вахш дар соҳаҳои боғу токпарварӣ ва чорводорӣ, ки аз ҷумлаи бахшҳои сердаромад мебошанд, самаранок истифода бурда намешаванд.

Лекин мувофиқи маълумот қариб 1000 гектар заминҳои кишоварзии ноҳия дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дошта, 900 гектар заминҳои корами обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд.

Агар чунин заминҳо сари вақт ба гардиши кишоварзӣ ворид карда, дар онҳо кишти зироат гузаронида шавад, қариб 40 ҳазор тонна маҳсулот ба даст омада, беш аз 4 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.

Бинобар ин, роҳбарону масъулони ноҳия бояд якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои зикршуда, аз худ кардани заминҳои нав дар мавзеъҳои Баракат ва Оқгаза, инчунин, зиёд намудани майдони боғу токзор ва бо истифода аз тухмии аълосифат баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки барои зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо, бунёди сардхонаҳо ва ривоҷ додани чорводориву парандапарварӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ноҳияи Вахш барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот, маҳсулоти чорво ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ захираву имкониятҳои хеле зиёд дорад, вале тибқи маълумот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 17 корхонаи саноатӣ 11 корхона пурра аз фаъолият бозмондааст, ки чунин вазъ ҷавобгӯи дурнамои рушди соҳаи саноати кишвар нест ва андешидани тадбирҳои ҷиддиро тақозо менамояд.

Зеро дар ҳуҷҷатҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мо самти минбаъдаи рушди кишварро дар фароҳам овардани шароит барои гузаштан аз низоми кишоварзӣ-саноатӣ ба тарзи рушди саноатӣ-кишоварзӣ пешбинӣ кардаем.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи рушди маҳал дар самти истифодаи самарабахши иқтидорҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ захираву имкониятҳои то ба ҳол истифоданашудаи ноҳияро сафарбар созанд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи наслҳои наврас ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии соҳаи маориф, инчунин, азнавсозиву бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.

Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки дар даврони истиқлолият дар ноҳияи Вахш 30 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 12 ҳазор нафар хонандагон сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 бунёди 19 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои хонандагоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятиву хонаҳои шахсӣ ва мактабҳои садамавӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, инчунин, барои деҳаҳои навбунёд ва деҳоте, ки дар онҳо аҳолӣ зиёд шудааст, дар маҷмӯъ, бо ҳафтуним ҳазор ҷойи нишаст, бинои шуъбаи маориф, маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо ба маблағи умумии 36 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки раванди сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимиро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Инчунин, зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода шавад.

Беҳдошти саломатии сокинон ва таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Вахш ҳамчун масъалаи муҳимми иҷтимоӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо ин мақсад соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлат 13 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин рақам нисбат ба соли 2006-ум 12 миллион сомонӣ ё 13 баробар зиёд мебошад.

Илова бар ин, беморхонаи марказии ноҳия бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 20 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардида, бо шароит ва таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудааст.

Масъулони соҳаро зарур аст, ки барои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ва бартарафсозии мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта, аз ҷумла норасоии кадрҳо чораҷӯӣ намоянд.

Тавре дар Паёми соли гузашта таъкид карда будам, дар ду сохтори ниҳоят муҳимми давлатӣ, яъне вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм даҳҳо ҳазор ҷойҳои кории холӣ мавҷуданд ва масъулони ин соҳаҳоро зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос, дар навбати аввал, аз ҳисоби ҷавонону духтарони маҳаллӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Аз иштироки роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми заҳматпешаи ноҳия истифода карда, мехоҳам боз як масъалаи муҳимро ба ҳамаи шумо ва кулли сокинони Тоҷикистон хотиррасон намоям.

Чанд рӯз баъд иди саиди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои пурарзиши динии халқамон мебошад, фаро мерасад.

Рӯзи ид барои ҳама рӯзи шодиву сурур ба шумор рафта, хусусан, ба шахсони сарватманд воҷиб гардидааст, ки ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳоро низ ба ин шодӣ шарик гардонанд.

Қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад.

Вале фаромӯш набояд кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳонӣ мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд.

Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест.

Баръакс, шахсони дорову тавонманд бояд ба чунин оилаҳо ва дар навбати аввал, ба ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳо дасти ёрӣ ва хайру сахо дароз кунанд ва қалби онҳоро шод гардонанд.

Ин маънӣ дар чандин ҳадиси пайғамбари ислом таъкид шудааст.

Вале тавре ки мушоҳида мекунем, дар бисёр ҳолатҳо як қисми мардуми мо ба ҷойи дастгирӣ кардани муҳтоҷону камбизоатҳо пойбанди тақлиду таассуб, исрофкориву зиёдаравӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ шуда, баъзеи онҳо ҳатто аз ҳисоби ризқу рӯзии аҳли хонаводаи худ дастурхони пурдабдаба меороянд, ки ин мухолифи таълимоти дини мубини ислом аст.

Рӯзҳои ид фурсате мебошад, ки инсон метавонад бо накӯкориву эҳсонкорӣ кори савобро анҷом диҳад, вале на бо зоҳирпарастиву исрофкорӣ, ки дар назди Худованд амали зишт ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ба мардуми шарифи кишвар бори дигар таъкид месозам, ки аз пайи ҳарчи бештар анҷом додани амалҳои хайр бошанд, ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо ва оилаҳои серфарзанду шахсони бесаробон кӯмак расонанд, аз зиёдаравию исрофкорӣ худдорӣ кунанд ва дастурхони идонаро ба зиёфати тӯёна табдил надиҳанд.

Баръакс, такрор ҳам шавад, хотирнишон месозам, ки ба ҷойи дастурхони серхарҷу исрофкорона хони маънавӣ ороянд, яъне фарзандони худро насиҳат кунанд, онҳоро ба роҳи рост ва расидан ба қадри неъматҳои зиндагӣ ҳидоят намоянд, падарону модарон ва беморону ниёзмандонро аёдат кунанд ва дигар корҳои хайру савобро анҷом диҳанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Вазъи ҷаҳон, хусусан, солҳои охир торафт мураккабу буҳронӣ шуда истодааст. Имрӯз дар чандин кишвари Ховари Миёна ва дигар минтақаҳои олам гурӯҳу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ба кирдору амалҳои фоҷиабор даст зада, оромиву субот ва амнияти сокинони осоиштаро ба таври ҷиддӣ халалдор сохтаанд.

Мардуми мо, аз ҷумла сокинони ноҳия ва водии Вахш чунин рӯзҳои даҳшатбору вазнинро, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз сар гузаронидаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Ва имрӯз шукрона мекунанд, ки Ватани озоду соҳибихтиёр, кишвари орому осуда ва рӯзгори босаодат доранд.

Итминон дорам, ки мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди ноҳияи Вахш дар оянда низ барои ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва давлат, ободии диёр ва пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дучанд заҳмат мекашанд ва барои боз ҳам устувор гардидани нерӯи давлатамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша сарфарозу комёб бошед!




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво