17 июн 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон дар маркази ноҳияи Вахш

416
Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳа 38 миллион сомониро ташкил дода, барои 3000 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, маҷлисгоҳ, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ҳамзамон дар шафати бинои Коллеҷ барои 400 нафар хобгоҳ сохта мешавад, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино 8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии лоиҳакашии шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шудааст.

Бо мақсади фароҳам сохтани шароити арзандаи таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда шуда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои наву замонавии таълимӣ бунёд карда мешаванд.

Баъди бунёди Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон имкон фароҳам мегардад, ки барои ин минтақаи аграрии кишвар мутахассисони варзидаи соҳа омода карда шаванд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво