5 июл 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир карданд

91
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир карданд18 июн дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир карданд.

Дар машварати корӣ, ҳамчунин, муовинони Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилотҳои давлатӣ, Прокурори генералӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи корҳо, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ, вазъи кунунии ҷаҳонӣ, дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра, таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти кишвар ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада мебошад.

Таъкид гардид, ки буҳронҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд.

Дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2018 — 2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, ба 193 миллион нафар баробар шуда, теъдоди одамони ба хатари гуруснагӣ дучоршаванда, ба 220 миллион нафар мерасад.

Тибқи мушоҳидаҳо дар мавсими солҳои 2022 — 2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам шуда, вобаста ба вазъи бамиёномада дар биржаҳои ҷаҳонӣ болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи озуқа ба назар мерасад.

Чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд.

Дар робита ба мушкилоти таъминот бо озуқаворӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро вазифадор карданд, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Супоришҳо ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо, дода шуд.

Президенти мамлакат дастур доданд, ки дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, алалхусус, ноҳияҳои водии Рашт, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона, гузаронидани кишти такрориии картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо, дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд. Яъне мо бояд аз имрӯз сар карда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омода шавем.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулини шаҳру ноҳияҳоро ба масъалаи истифодаи заминҳои обӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши кишти такрорӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехника, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3 – 4 ҳосил ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҷалб сохтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон зарур шумурданд, ки дар доираи корҳои омодагӣ ҷиҳати зимистонгузаронӣ барои захира намудани хӯроки чорво аз тамоми имкониятҳо истифода карда шавад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он барои ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок ҷиддӣ аз Сарвари давлат дастуру супориш гирифтанд.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат чораҳои фаврӣ андешида, барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, ба минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ба хотири рушди соҳаи саноати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, хусусан, корхонаҳои саноати ҳӯрокворӣ оид ба коркарди меваю сабзавот вусъат бахшанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои қатъӣ андешад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур гирифтанд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят тавассути коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо афзоиш диҳанд.

Ҳамчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон вазифадор шуданд, ки доир ба ташкили корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ чораҷӯӣ намояд.

Ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни машварати корӣ, роҳбарону фаъолони кишварро ба масъалаҳои риояи қатъии нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии истиқлоли давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро барои давраи то соли 2026, ҷалб карда, ҷиҳати татбиқи самараноки онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво