6 июл 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд

61
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд16 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.

Корҳои таъмиру навсозии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ соли 2019 дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои муосир оғоз гардида, бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд.

Таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ дар асоси лоиҳа дар маҷмӯъ 5 километр роҳ дар ду марҳила дар бар мегирад.

Дар ҳамин замина соли 2019 аз тарафи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 километр роҳҳои кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ваҳдат ва Каримов бо сатҳу сифати баланд таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш гардида, кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарозии 1,8 километр чароғон карда шуд.

Соли 2022 бошад, роҳҳои 6 кӯча бо дарозии 2,7 километр таъмиру асфалтпӯш карда мешавад, ки дар ин замина нақшаи пешбинишуда пурра татбиқ мегардад.

Тибқи лоиҳа айни замон бо ҷалби мутахассисони паймонкори иншоот асфалтпӯшнамоии кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Турсунзодаи маркази ноҳияи Дӯстӣ пурра ба анҷом расонада шуда, мумфаршкунии кӯчаҳои Фирдавсӣ, Шерозӣ, Хайём ва Рӯдакӣ идома дорад.

Аснои муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ дода шуд, ки бо пурра ба анҷом расидани корҳои асфалтпӯшнамоӣ кашидани хатҳои уфуқӣ ҳам амалӣ мегардад.

Бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинону меҳмонон дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми шабона чароғонкунии онҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Асфалти истифодашуда дар роҳҳои марказии ноҳия истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ буда, корҳои таъмириву мумфаршнамоӣ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ анҷом пазируфтаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво