29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

976
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварданд.

Дар деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагиҳои деҳқонии «Авазбобо», «Каромат», «Оғобек-2012», «Одилҷон» ва «Каримбобо» шинос шуда, дар ҳамин мавзеъ намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияро тамошо карданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, хоҷагиҳои ноҳия дар ихтиёри худ наздики 32 гектар замин дошта, шумораи коргарон ба 40 нафар мерасанд. Хоҷагидорон ба парвариши дарахтони гуногуни мевадиҳанда, ҳамчунин кишти пахта, ғалладонагӣ, картошка ва полезӣ машғул буда, аз кишти такрории замин ҳосили дилхоҳи кунҷит, маккадон, мош ва тарбузу харбуза ба даст меоранд. Аз он ки иқлими ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ созгор аст, ҳамасола фаъолияти деҳқонони хоҷагиҳои «Авазбобо», «Каромат», «Оғобек-2012», «Одилҷон» ва «Каримбобо» низ беҳтар гардида, заҳматкашон аз ҳар порча замин ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Нашъунамои пахта дар соли ҷорӣ хуб буда, интизор аст, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки заминҳои корами хоҷагиҳои зикргардида тариқи канале, ки аз дарёи Кофарниҳон сарчашма мегирад, обёрӣ мегарданд.

Айни ҳол дар қисми асосии заминҳои ин хоҷагиҳо деҳқонон кишти такрории ҷуворимакка, тарбузу харбуза, каду, лубӣ, мош ва помидору бодиринг гузаронидаанд, ки тибқи мушоҳидаҳо нашъунамои хуб доранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияи Носири Хусрав дидан карданд. Аҳли заҳмати ноҳия навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, мағзу мавиз, полезӣ ва маҳсулоти нониро ба намоиш гузоштанд. Ҳамаи ин маҳсулоти кишоварзӣ самараи заминҳои пурбори ноҳияи Носири Хусрав буда, ҳамасола деҳқонони ноҳия бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар порча замин ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва бо ин дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Меҳнаткашони ноҳияи Носири Хусрав дар маҷмӯъ бештар аз 50 навъи маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин занони ҳунарманди ноҳия маҳсули дастранҷи хешро, ки анвои гуногуни маҳсулоти нониву қаннодиро дар бар мегирифт, пешкаши меҳмонон карданд.

Асали шаҳдбори хоҷагиҳои занбӯри асалпарварии ноҳия қисме аз намоишгоҳи имрӯзаи маҳсулоти кишоварзиро ташкил дод. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав 250 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешаванд, ки имсол аллакай 8 тонна асали аълосифат ба даст оварда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво