25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон

1187
Бегоҳии рӯз баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и шаҳри Ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди варзишгоҳи муҳташами навбунёд бо баландии 50 метр қомат рост кард. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Пешвои миллат бо парафшон кардани Парчам ин рамзи давлатдориро дар маркази шаҳри Ваҳдат расман ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некзод» ба иҷро расонида шуд. Аснои ба истифодадаҳии иншооти мазкур зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии сохтмони Парчам 1 млн. 650 ҳазор сомонӣ буда, он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст. Назди Парчами давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам гардонида шуда, ки як гулгашти дилписанду дилнишинро мемонад.

Атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат гулзор карда шуда, фаввораҳо фаъол ва муҳити он чароғон кунонида шудааст, ки дили ҳар бинандаро мерабояд. Изҳори эътимод карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешавад ва болафшонии Парчами давлатӣ дар назди варзишгоҳи навбунёд ифтихори миллии ҳар бошандаи шаҳри Ваҳдатро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво