29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

714
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Сарвари давлатро дар даромадгоҳи шаҳр сокинони шаҳри Ваҳдат бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Пас аз пазироии гарму самимӣ, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд. Ин бинои муҳташам аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ моҳи августи соли 2015 аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» шурӯъ шуда, дар давраи сохтмон наздик ба 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.

Дар ин ҷо Роҳбари давлат нахуст дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 дӯстрӯяк аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба ин кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ин иншоот бо маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонию савдо, дар ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва дар ошёнаи сеюм маркази омӯзишии касбу ҳунарҳо ташкил карда мешавад. Ин бинои хуштарҳи 20-ошёна аз таҳхонаи дуошёна барои 42 адад мошини сабукрав, ҳамчунин аз ду даромадгоҳ иборат мебошад. Ин имкон медиҳад, ки боз 80 нафар дар ин ҷо бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои иншооти мазкур, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои бунёд намудани боз 4 адад ҳамин гуна бинои баландошёна ва кӯдакистону дармонгоҳ, ки аз тарафи ҶДММ «Комил-2010» дар шафати ҳамин бино дар назар аст, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво