29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз Отряди сарҳадии «Ёл» боздид ба амал оварданд

238
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз Отряди сарҳадии «Ёл» боздид ба амал оварданд26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз Отряди сарҳадии “Ёл” боздид ба амал оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Отряди сарҳадии “Ёл” барои сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд, муосиртарин шароити хизмат ва будубош фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 1957 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Дидбонгоҳи сарҳадии “Ёл” бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардида буд.

Соли 2022 бо дарназардошти афзоиши хатару таҳдидҳо, аз ҷумла амалҳои террористию эктремистӣ ва фаъолгардии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар минтақа ва ҷаҳон ҳайати Отряди сарҳадии “Шамсиддини Шоҳин”-ро ба дидбонгоҳи “Ёл” кӯчонида, он ба Отряди сарҳадии “Ёл” табдил дода шуд.

Ҳамзамон Отряди сарҳадии “Шамсиддини Шоҳин” ба коммендатураи “Шамсиддини Шоҳин” табдил дода шуда, дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он бо ҳайати нав ва муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда мешавад.

Дар ҳудуди Отряди сарҳадии “Ёл” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои сарбозону афсарон, хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ мавҷуд мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Ёл” дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ тамоми сарбозону афсаронро, ки ҳамчун сипари боварибахши давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯзӣ хизмати шоиста анҷом медиҳанд ва қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан ҷавонмардона иҷро мекунанд, ба “Рӯзи сарҳадбонон” табрику таҳният намуда, оид ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз ин навъи қӯшун дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

Тавре зикр гардид, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар рӯзҳои бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шудааст, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми босазо гузоштааст, балки нишонаи возеҳи истиқлоли давлати тоҷикон мебошад.

Дар робита ба авзои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти давлату миллатҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсаронро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳидоят намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки марзбонони шуҷоъу далери Ватан бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, сохти конститутсионӣ ва субботу оромии кишвар ҳамеша омодаанд.

Дар охир сарбозону афсарони шуҷоъу далери отряд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи пайваста ва фароҳамсозии шароити муосири хизмат ва будубош дар сафҳои Артиши миллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки ҳифзи марзу буми аҷододиро қарзи шаҳрвандӣ медонанд ва барои эмин нигоҳ доштани он ҷони худро нисор месозанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво