20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён

629
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳёнро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ буда, ба татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи оливу баланд зимни мулоқоту музокироти ҷонибҳо ҳосил шуданд, ҳавасмандии зиёд дорад.

Дар суҳбати пурмуҳтаво аз сатҳи ҳамкории сиёсӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ карда шуда, яксон ва ё наздик будани мавқеи ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид.

Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, рушду густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ҳамин замина таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳи бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон инчунин фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ зарур шуморида шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир ҳамфикрӣ баён карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво