29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ноҳияи Данғара

828
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди иқтисодиёти кишвар ва пешрафти соҳаи саноат барои бунёди як коргоҳи нав — Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ санги асос гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида, ба талошҳои ҷавонмардони ватанпараст баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои арзанда доданд.

Иқдоми бунёди корхонаи нав ба хотири дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди КМ МУОСИР ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди коргоҳи нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона бо сарфи беш аз 15 миллион доллар дар муддати якуним сол бояд бунёд гардад.

Иқтидори солонаи он 20 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхона 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки аз чор минтақаи озоди иқтисодии кишвар яктояш дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавҷуд аст ва фаъолияти пурсамару гуногунҷанбаи корхонаҳои ҳудуди он дар роҳи муаррифии иқтидори саноатии мамлакат ва истеҳсолу содироти маҳсулоти мухталиф саҳми сазовор мегузорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифати сохтмонӣ ҳидоят намуданд.

Дар ноҳияи Данғара ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмону навсозии роҳҳои маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, корҳо аз тарафи коргарону мутахассисони ширкати ватанӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Роҳи тоҷик ҷараён доранд. Дар минтақаи мазкур, ки корҳо аз соли 2016 оғоз гардида буд, аллакай 8 километри роҳ пурра мумфарш карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони ширкати роҳсозӣ маслиҳат доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳои бунёдӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво