7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара

842
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳ ва самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Дар заминаи сиёсати бунёдкорона Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9- боз як мактаби замонавӣ дар мамлакат, ки аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст, расман оғоз бахшиданд.
Мактаби наву замонавӣ барои 1320 ҷойи нишаст дар 2 баст пешбинӣ шуда, аз 20 синфхона, толори навбунёди варзишӣ, китобхона бо ҳазорҳо нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 25 компютер, толори фарҳангӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол, ҳамзамон барои такмили лаёқати хонандагон синфхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, синфхонаи коркарди чӯбу тахта, ошхонаи замонавӣ барои 60 нафар дар як вақт, ҳамчунин аз утоқи хизматрасонии тиббӣ иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи расмии ин даргоҳи таълимӣ, бо шароити мактаб-синфхонаҳо ва утоқҳои таълимию истеҳсолӣ шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид аз шароити ин мактаби замонавӣ Сардори давлат бо устодону толибилмон суҳбат ороста, ҷиҳати омӯзиши дақиқи илм ва забонҳои хориҷӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-уми ноҳияи Данғара дар доираи татбики хадафхои рушд, аз ҳисоби буҷети давлат бо харҷи бештар аз 16 млн сомонӣ дар давоми 18 моҳ аз рӯи нақшаи мукаммал, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъолияти пурраи мактаб беш аз 68 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Баъди ифтитоҳи бинои мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф, беҳдошти сатҳи таълиму тарбия ва ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар замони истиқлолият дар ноҳияи Данғара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.
Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 8 муассисаи нави таълимӣ бо 1670 ҷойи нишаст ба истифода дода, ҳамаи муассисаҳои таълимии зикргардида бо таҷҳизоти зарурии таълим ва шароити муосир таъмин карда шуданд.
Устодону хонандагони мактаб ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво