24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд

166
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ суҳбати телефонӣ анҷом додандИмрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ, баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик гуфтанд.

Зимни табрикоти худ Пешвои миллат ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ, файзу баракот ва дар роҳи пешрафту шукуфоӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъдаи ҷонибҳоро ҷиҳати рушду таҳкими пайгиронаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар баррасӣ намуданд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ даъвати қаблан ирсолгардидаи худро аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Эрон муҷаддадан таъкид карданд.

Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилаливу минтақавии мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво