24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия Филипп

186
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия ФилиппИмрӯз, 29 апрел, ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 30 сол пур мешавад.

Тайи ин солҳо Тоҷикистон ва Белгия ба сатҳи баланди шарикӣ даст ёфта, робитаҳои мазмунан ва сифатан нави байнидавлатиашонро ба таври назаррас таҳким бахшиданд.

Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳо бо Белгия, ки яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад, аҳамияти хосса дода, дурнамои онҳоро умедбахш арзёбӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни барқияи табрикии худ ба унвони Подшоҳи Белгия Филипп ӯро ба ин муносибат муборакбод намуда, барои Аълоҳазрат сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Белгия сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии беш аз пеш таманно намуданд.

Подшоҳи Белгия дар барқияи табрикии худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба Сарвари давлати мо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти беҳтарини он ҷонибро дар ростои сулҳу шукуфоӣ иброз доштаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво