Сӯҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ
731
Дирӯз гуфтугӯи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.
Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои пайвастаи ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчунин ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Зимнан, ҷонибҳо атрофи вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли он мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар ин робита ҷонибҳо дар мавзӯи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомию техникӣ, аз ҷумла дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадот ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешаванд. Роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд. Сарвари давлати Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистони ҳамсоя омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани терроризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид карданд. Раисҷумҳури Афғонистон дар навбати худ барои дастгирии доимии амниятиву иқтисодии Тоҷикистон аз Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуда, сипоси амиқи худро бахусус ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон иброз доштанд. Дар хотимаи сӯҳбат Ҷалолатмаоб Ашраф Ғанӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Афғонистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал оварданд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мӯҳлати баргузории сафари мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад. Гуфтугуи телефонӣ дар фазои самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |