29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пратибҳа Меҳта: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола нақши пешсаф доранд»

1231
СММ ва хосатан Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки бо тамоми ниҳодҳои дахлдори 193 кишвари аъзои СММ барои татбиқи амалӣ ва муваффақомези он тадбирҳо ва ибтикороти созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ, маориф ва таълим тадбирҳои зарурӣ андешад. Ин матлабро ҳамоҳангсози доимии СММ, Роҳбари нави Барномаи рушди СММ Пратибҳа Меҳта баъди мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон иброз намуд.
Номбурда инчунин барои ҳамкории зич ва густурда бо ниҳодҳои дахлдори ҶТ дар партави паст намудани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ва муассир дар ҳошияи Барномаи қолабии СММ оид ба рушд дар давраи панҷ соли оянда изҳори омодагӣ намуд.
Пратибҳа Меҳта ҳамчунин изҳор намуд, ки: «Имсол барои ҶТ ва СММ соли таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро аз лаҳзаи узвияти ҶТ дар СММ имсол 25 сол пур шуд. Дар тӯли 25 соли узвияти худ ҶТ дар татбиқи муваффақонаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки то давраи соли 2015 муайян гардида буд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Инҳо, пеш аз ҳама, дастовардҳои назарраси ҶТ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ, коҳиш додани сатҳи фавти модару кӯдак, таъмини рушди бемайлони иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мебошанд.
Аз моҳи сентябри соли 2015 инҷониб 193 кишвари аъзои СММ бо иттифоқи оро барнома ва ё рӯзномаи нави сатҳи ҷаҳониро бо номи Ҳадафҳои рушди устувор қабул намуданд, ки дар ин росто барои татбиқи амалии 17 ҳадафе, ки дар ин санади умдаи байналмилалӣ дарҷ гардидаанд, ҶТ ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф ва фаъол ташаббускори ба сатҳи ҷаҳонӣ бардоштани мавзӯъ ва ё масъалаҳои марбут ба об маҳсуб меёбад. Маҳз бо ибтикори роҳбарияти олии ҶТ ва Ҳукумати ин кишвар соли гузашта Маҷмааи умумии СММ Қатъномаро бо номи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул намуд. СММ ва намояндагии Барномаи рушди СММ дар ҳамкорӣ ва тадбирҳои муштарак бо дигар ниҳодҳои тахассусии СММ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии ҶТ барои рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар ва барои барқарор намудани сулҳи комил мусоидат ва кумак менамуданд. Аммо имрӯз дар давраи муосир фаъолияти ниҳодҳои СММ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Ҳукумати ҶТ барои мусоидат ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар равона гардидааст.
Ҳамоҳангсози доимии СММ, Роҳбари нави Барномаи рушди СММ оид ба нақшу мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди Барномаи рушди ҳазорсола зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола нақши пешсаф доштанд. Тӯли 15 соли татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба таври мунтазам дар ҷаласаҳо ва нишастҳои Маҷмааи умумии СММ бо мавқеи устувор аз татбиқи муваффақомези Ҳадафҳои рушди ҳазорсола пуштибонӣ мекарданд.
Нақши пешсаф, пешоҳанг ва муҳиме, ки Президенти ҶТ имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ доранд, пеш аз ҳама, ба мақом ё рӯзномаи калидии ҷаҳонӣ бардоштани мавзӯъ ва масъалаҳои марбут ба об мебошад. Дар ин росто ҳангоми таҳияи санади умдаи рушди устувори байналмилалӣ, яъне Ҳадафҳои рушди устувор то давраи соли 2030 ва инчунин муайян ва мушаххассозии 17 ҳадафе, ки дар ин санади умдаи байналмилалӣ ва ё ҷаҳонӣ инъикос гардидаанд, нақш ва саҳми Президенти ҶТ калидӣ буд.
Ин нишондиҳандаҳо ва ин омил, пеш аз ҳама, бори дигар дар ҳадафмандии роҳбарияти олии ин кишвар барои пешбурду ташвиқи масъалаҳои глобалӣ, алалхусус масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ зоҳир мегардад. Дар ин росто бояд як далели дигареро манзури шумо гардонам, ки ҶТ узви комилҳуқуқи Комиссияи иҷтимоиёт ва иқтисодиёти СММ ЭКОСОК барои солҳои 2017-2018 интихоб гардидааст, ки ин худ як механизм ва ё майдони хеле мусоид барои таъмини назорат ва пайгирии рушд ва таъмини инкишофи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои аъзои СММ маҳсуб мешавад. Нишасти навбатии он моҳи июли соли равон дар қароргоҳи СММ- шаҳри Ню-йорк баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии ин кишвар барои рӯнамоии Стратегияи миллии рушди худ дар партави татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор изҳори омодагӣ намудааст. Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва пешбурди зарурати талошҳои бештари созанда барои боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу суботи сартосари амният ва рушди гуманитарӣ дар тамоми ҷаҳон изҳори омодагӣ намуда, иродаи қавии роҳбарияти олии ин кишвар бори дигар бозгӯи пешсаф будани ҶТ дар ин самту арсаҳо мебошад, ки ҳамаи ин нишондиҳандаҳо ба фаъолияти ҳамарӯза ва талошҳои созандаи Президенти ҶТ пайванд ва созгор аст.
Ман ба сифати Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар ҶТ ва Роҳбари нави Барномаи рушди СММ дар ин кишвар омода ҳастам, то барои боз ҳам беҳбуд бахшидан ба ҳамкории густурда ва гуногунпаҳлӯи СММ бо ҶТ ва таъмини рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ин кишвар тамоми талошҳои заруриро равона намоям.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво