Главная > --- > Дар Ашқобод вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид

Дар Ашқобод вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид


12-12-2017, 15:18.
11 декабри соли 2017 бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашқобод вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон доир гардид, ки дар он муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иштирокдорон доираи васеи масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот ва таҳкиму густариши ҳамкории минтақавиро мавриди муҳокима қарор дода, Барномаи амали Марказро барои солҳои 2018-2020 қабул намуданд. Барномаи амал 5 самти фаъолияти афзалиятноки Маркази минтақавиро фаро гирифта, ба ҳалли масъалаҳо ва таҳдидҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, нигаронида шудааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон Баёния қабул карда шуд.
Вернуться назад