6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

БА ТАВАҶҶУҲИ ФАРМОИШГАРОН, ЛОҲАКАШОН, ПУДРАТЧИЁН ВА ДИГАР СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ!!!

Бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли 2024 баён доштанд, аз ҷониби ташкилотҳои лоиҳакашии Кумита лоиҳаҳои намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар 13 намуна таҳия гардида, лоиҳаи кории онҳо аз ташхиси давлатӣ гузаронида шуд. Лоиҳаҳои намунавии мазкур ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ройгон пешниҳод мегардад.

Барои дастрасӣ ба лоиҳаҳои мазкур ба воҳидҳои сохтории зерини Кумита метавонед муроҷиат намоед: - Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2231882; - Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” – телефон: 2277760; - Корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳру ноҳияҳо:2277800.

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 25 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 25 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 50 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 80 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 96 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 100 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 100 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 128 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 135 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 ҷой

Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 220 ҷой




Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷой

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷойро дар заминаи лоиҳаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ барои 200 ҷой дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.

Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.


Масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 175 ҷой ба ҶСК “Корезлоиҳа” (шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев, 54/2 телефон: 233-18-73) муроҷиат намоянд.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.

Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.

Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД “Лоиҳакаш” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 4, телефонҳо: 227-78-00, 227-78-44) муроҷиат намоянд. Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД “Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 3, телефонҳо: 227-77-60, 227-77-61) муроҷиат намоянд.

Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Лоиҳаҳо
  • Лоиҳаи иншоот

    Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи...

  • Лоиҳаҳои намунавии меҳмонхона

    Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои...

  • Лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматӣ

    Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018...

 
Суратнигор
Видеомаводҳо

БАРНОМАИ МЕЪМОР 9 ТЕАТРИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ 4,5 ХАЗОР ЧОЙИ НИШАСТ БУНЁД МЕШАВАД

"БАРНОМАИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАВИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНӢ"

ГИРИФТАНИ ИҶОЗАТНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ СОХТМОНӢ ОСОН ГАРДИД

Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
-----------------

"БОЗОРИ КОРВОН" БАЪДИ НАВСОЗИ ИН ГУНА МЕШАВАД

Ифтитоҳи боғи “Дунёи афсона” дар шаҳри Душанбе 19.03.2018

Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ
Эълон, реклама, озмун
Сомонаҳо

                       

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво