22 октябр 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
Лоиҳаи иншоот

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2018, №2к/39-24 бо мақсади ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, лоиҳаҳои намунавии бинои синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва майдончаҳои варзиширо таҳия намудааст.
Муфассалтар...

Маркази саломатӣ

Боғчаи кӯдакон

Коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ

Майдончаи варзишӣ

Маркази таълимӣ-истеҳсолии занона

Нонвойхона

Коргоҳи дӯзандагӣ

Таваллудхона

Ҳаммом бо сартарошхона ва кошонаи ҳусн

Муассисаи таълимӣ

Чойхона

Китобхона

Лоиҳаҳои намунавии меҳмонхона

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров 22-25 октябри соли 2018 баён доштанд, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардани меҳмонхонаҳои хурду миёна бо тарҳи замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, лоиҳаҳои ангоравии меҳмонхонаҳои хурду миёнаро дар сомонаи худ ҷой додааст.


Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории он ба ташкилотҳои лоиҳакашӣ муроҷиат намоянд.

Меҳмонхона

Меҳмонхона

Ошхонаи миллӣ ва Меҳмонхона

Бинои меҳмонҳонаи чорошёна

Меҳмонхонаи Замонави

Меҳмонхона ва маркази савдо

Лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматӣ

Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018, №335 ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ мерасонад, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ, сохтмони биною иншоот дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи қарори мазкур бо истифода аз санъати шаҳрсозии миллию муосир ва масолеҳи босифати сохтмонӣ бо сифати баланди меъморӣ ва сохтмонӣ бояд амалӣ карда шавад.
Муфассалтар...

Бинои истиқоматии 5-ошёна

Бинои истиқоматии 7-ошёна

Бинои истиқоматии 12-ошёна

Бинои истиқоматии 12-ошёна бо манзара

Бинои истиқоматии 6-ошёна

Бинои истиқоматии 7-ошёна

Суратнигор
Видеомаводҳо

Тоҷикистон - Душанбе (Time-Lapse/Hyperlapse)

Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ

Ифтитоҳи боғи “Дунёи афсона” дар шаҳри Душанбе 19.03.2018

Тоҷикистон - Душанбе
Эълон, реклама, озмун
Қурби асъор
Қурб Харид Фуруш БМТ
9,6500 9,7000 9.6849
10,7300 10,8300 10.7202
0,1460 0,1479 0.1466
Сомонаҳо

                   




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво