Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
28 мар 2024, 16:38
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тавре чанде пеш иттилоъ дода будем, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ...
-
28 мар 2024, 12:01
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, ки ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор мебошад, якчанд иншооти таъйиноти...
-
27 мар 2024, 18:09
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40- и ноҳияи Кушониён 4 синфхонаи иловагии муҷаҳҳаз бо аёнияти таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён хабар медиҳад....
-
27 мар 2024, 16:05
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Олмонии Рушд Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик таъмиру навсозӣ гардида, моҳи сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»....
-
27 мар 2024, 11:07
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
27 март Рӯзи ҷаҳонии театр (World Theatre Day) мебошад. Ин рӯз бо ташаббуси вакилони Конгресси IX Институти байналмилалии театрӣ (MIT) эълон гардидааст. Театрҳо ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақливу зеҳнӣ, пайвандгари маънавии наслҳо, баёнгари таърихи гузаштаву...
Лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷой
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷойро дар заминаи лоиҳаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ барои 200 ҷой дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.
Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.
Масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 175 ҷой ба ҶСК “Корезлоиҳа” (шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев, 54/2 телефон: 233-18-73) муроҷиат намоянд.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.
Лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.
Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.
|
|
Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,
шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб
намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба
КВД “Лоиҳакаш” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 4, телефонҳо:
227-78-00, 227-78-44) муроҷиат намоянд. |
Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,
шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб
намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба
КВД “Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (шаҳри Душанбе,
кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 3, телефонҳо: 227-77-60, 227-77-61) муроҷиат
намоянд. |
Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.
-
Лоиҳаи иншоот
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи...
-
Лоиҳаҳои намунавии меҳмонхона
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои...
-
Лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматӣ
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018...
БАРНОМАИ МЕЪМОР 9 ТЕАТРИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ 4,5 ХАЗОР ЧОЙИ НИШАСТ БУНЁД МЕШАВАД
"БАРНОМАИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАВИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНӢ"
ГИРИФТАНИ ИҶОЗАТНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ СОХТМОНӢ ОСОН ГАРДИД
Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
-----------------
"БОЗОРИ КОРВОН" БАЪДИ НАВСОЗИ ИН ГУНА МЕШАВАД
Ифтитоҳи боғи “Дунёи афсона” дар шаҳри Душанбе 19.03.2018
Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ
|
|
|
Суроға:
734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,
Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33
Факс: +992 (37) 223-02-00,
Е-mail: info@tajsohtmon.tj
|