20 сентябр 2020, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ДИҚҚАТ! ОЗМУН
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 2.4.14. Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 қабул гардидааст, бо мақсади муайян намудани беҳтарин муҳити дастрас байни иншооти ба стандартҳои дастрасӣ ҷавобгӯ барои қонеъ намудани талаботи шахсони дорои маъюбият озмун баргузор менамояд.

Бо фармоиши Раиси Кумита аз 3 августи соли 2020, №89/ф Низомнома ва ҳайати комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмун тасдиқ карда шуд.

Мақсади баргузории озмун баланд бардоштани муҳити дастрасии бино ва иншоот ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҷалб намудани диққати роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва ҷамъият ба масъалаҳои муҳити дастрас ва ташаккули рӯҳияи таҳаммулпазирӣ дар байни шаҳрвандон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Дар озмун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ иштирок карда метавонанд.

Довталабон дархости иштирок дар озмун ва дигар маводҳои заруриро то санаи 1 ноябри соли 2020 тибқи замимаҳои дар низомномаи озмун овардашуда ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Ш. Ҳусейнзода 36, тел: (992 37) 221-41-37; 227-77-60 ирсол намоянд.


Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷойро дар заминаи лоиҳаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ барои 200 ҷой дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.

Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.


Масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 175 ҷой ба ҶСК “Корезлоиҳа” (шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев, 54/2 телефон: 233-18-73) муроҷиат намоянд.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.

Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.

Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД “Лоиҳакаш” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 4, телефонҳо: 227-78-00, 227-78-44) муроҷиат намоянд. Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД “Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 3, телефонҳо: 227-77-60, 227-77-61) муроҷиат намоянд.

Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Лоиҳаи иншоот

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2018, №2к/39-24 бо мақсади ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, лоиҳаҳои намунавии бинои синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва майдончаҳои варзиширо таҳия намудааст.
Муфассалтар...

Маркази саломатӣ

Боғчаи кӯдакон

Коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ

Майдончаи варзишӣ

Маркази таълимӣ-истеҳсолии занона

Нонвойхона

Коргоҳи дӯзандагӣ

Таваллудхона

Ҳаммом бо сартарошхона ва кошонаи ҳусн

Муассисаи таълимӣ

Чойхона

Китобхона

Лоиҳаҳои намунавии меҳмонхона

Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров 22-25 октябри соли 2018 баён доштанд, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардани меҳмонхонаҳои хурду миёна бо тарҳи замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, лоиҳаҳои ангоравии меҳмонхонаҳои хурду миёнаро дар сомонаи худ ҷой додааст.


Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории он ба ташкилотҳои лоиҳакашӣ муроҷиат намоянд.

Меҳмонхона

Меҳмонхона

Ошхонаи миллӣ ва Меҳмонхона

Бинои меҳмонҳонаи чорошёна

Меҳмонхонаи Замонави

Меҳмонхона ва маркази савдо

Лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматӣ

Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018, №335 ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ мерасонад, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ, сохтмони биною иншоот дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи қарори мазкур бо истифода аз санъати шаҳрсозии миллию муосир ва масолеҳи босифати сохтмонӣ бо сифати баланди меъморӣ ва сохтмонӣ бояд амалӣ карда шавад.
Муфассалтар...

Бинои истиқоматии 5-ошёна

Бинои истиқоматии 7-ошёна

Бинои истиқоматии 12-ошёна

Бинои истиқоматии 12-ошёна бо манзара

Бинои истиқоматии 6-ошёна

Бинои истиқоматии 7-ошёна

Суратнигор
Видеомаводҳо

Тоҷикистон - Душанбе (Time-Lapse/Hyperlapse)

Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ

Ифтитоҳи боғи “Дунёи афсона” дар шаҳри Душанбе 19.03.2018

Тоҷикистон - Душанбе
Эълон, реклама, озмун
Қурби асъор
Қурб Харид Фуруш БМТ
10,1800 10,2000 10.2000
11,2000 11,3000 11.0344
0,1180 0,1195 0.1223
Сомонаҳо

                   



Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво