Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
БА ТАВАҶҶУҲИ ФАРМОИШГАРОН, ЛОҲАКАШОН, ПУДРАТЧИЁН ВА ДИГАР СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ!!!
Бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли 2024 баён доштанд, аз ҷониби ташкилотҳои лоиҳакашии Кумита лоиҳаҳои намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар 13 намуна таҳия гардида, лоиҳаи кории онҳо аз ташхиси давлатӣ гузаронида шуд. Лоиҳаҳои намунавии мазкур ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ройгон пешниҳод мегардад. Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 25 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 25 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 50 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 80 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 96 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 100 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 100 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 128 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 135 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 ҷой
Лоиҳаи намунавии Муассисаи таълимии томактабӣ барои 220 ҷой
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд. Лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷой
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷойро дар заминаи лоиҳаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ барои 200 ҷой дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст. Масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 175 ҷой ба ҶСК “Корезлоиҳа” (шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев, 54/2 телефон: 233-18-73) муроҷиат намоянд. Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд. Лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст. Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаҳо
Суратнигор
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |