Ифтитоҳи бинои истиқоматии 5-ошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ
1165
-Баъди гузоштани санги асос барои бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматии 5 — ошёнаро ифтитоҳ намуд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи аввал Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист дар хонаҳо шинос шуда, ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим намуд. Бинои истиқоматии 5-ошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст. Лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷмаҳал — 2010 буда, бо назардошти талаботи муосири коммуналӣ бо тамоми инфрасохтор бунёд шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар доираи дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби Ҳукумати кишвар соҳибкорони ватандӯст дар баробари ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин дар самти бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо нархҳои дастрас саҳми муносиб мегузоранд. Бинои нав дар маркази шаҳрак низ аз ҷумлаи чунин иншоот мебошад, ки аз тарафи соҳибкорон дар робита ба дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сохта шудааст. Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ ҳамзамон майдонча барои бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегардад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |