Главная > Фармоишҳо > Ф А Р М О И Ш аз 16 апрели соли 2018 №34/ф ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ 120.030.030.

Ф А Р М О И Ш аз 16 апрели соли 2018 №34/ф ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ 120.030.030.


4-05-2018, 14:51.
Ф А Р М О И Ш

аз 16 апрели соли 2018 №34/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ

120.030.030.

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии зерин тасдиқ карда шаванд:
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 23-01-2018) «Иқлимшиносии сохтмон»;
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 31-17-2018) «Сардхонаҳо».
2. Меъёру қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚС ҶТ 23-01-2007) «Иқлимшиносии сохтмон», ки бо фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2007, №1/фк тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2007, №289 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2018, таҳти рақами 926 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Вернуться назад