Главная > Фармоишҳо > Ф А Р М О И Ш аз 10 октябри соли 2017 №99/ф ш. Душанбе

Ф А Р М О И Ш аз 10 октябри соли 2017 №99/ф ш. Душанбе


12-10-2017, 16:25.

Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 12-207-2017) «Таснифгари намудҳои асосии нуқсонҳо дар сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмон»

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 12-207-2017) «Таснифгари намудҳои асосии нуқсонҳо дар сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмон» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ҷиҳати татбиқи муқаррароти санади мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи бинокорон», Маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.



Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода


Вернуться назад