Главная > Фармоишҳо > Ф А Р М О И Ш аз 15 майи соли 2017 №48/ф ш. Душанбе

Ф А Р М О И Ш аз 15 майи соли 2017 №48/ф ш. Душанбе


19-06-2017, 15:26.
Ф А Р М О И Ш

аз 15 майи соли 2017 №48/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи МҚШ ҶТ 12-07-2017 «Тартиби таҳия, мувофиқасозӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони корхонаҳо, биноҳо ва иншоотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии хориҷӣ иҷро карда мешавад»

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 12-07-2017) «Тартиби таҳия, мувофиқасозӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони корхонаҳо, биноҳо ва иншоотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии хориҷӣ иҷро карда мешавад» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоишгарон, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва пудратӣ ҷиҳати татбиқи муқаррароти санади мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи №887 аз 9 июни соли 2017 ба қайд гирифта шуд.
Вернуться назад