28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз «26» сентябри соли 2016 № 66/ф ш. Душанбе

4819
Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 5, 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:
1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд:
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 81-01-2007 «Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон (МУХ ҶТ-2007)» Маҷмӯаи №15 «Корҳои пардоз (илова ва тағйиротҳо)»;
- Ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастури методӣ оид ба гузаронидани мушоҳидаҳои замонсанҷӣ (хронометраж) дар сохтмон».
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.


Раис Ҷамшед Аҳмадзода



Р А С П О Р Я Ж Е Н И Е

от «26» сентября 2016 г. № 66/ф г. Душанбе

Об утверждении градостроительных норм и правил
Республики Таджикистан

В соответствии со статьями 5, 13 Градостроительного Кодекса Республики Таджикистан, пунктами 4, 8 Положения Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан утвержденного Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150,


р а с п о р я ж а ю с ь:

1. Утвердить следующие градостроительные нормы и правила Республики Таджикистан:
- Градостроительные нормы и правила Республики Таджикистан (ГНиП РТ 81-01-2007) Элементные сметные нормы на строительные работы (ЭСН РТ-2007) Сборник №15 «Отделочные работы (изменения и дополнения)»;
- Руководящие документы системы нормативных документов в строительстве Республики Таджикистан «Методические указания по проведению хронометражных наблюдений в строительстве».
2. Данное распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после их регистрации и официального опубликования.
3. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя Председателя Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан Мирзозода Н.Ю.


Председатель Джамшед Ахмадзода





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво