ФАРМОИШ № 6/ф аз « 16 » январи соли 2013 « Дар бораи танзими системаи нархгузорӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон »

ФАРМОИШ

аз « 16 » январи соли 2013 №6/ф ш. Душанбе

Дар бораи танзими системаи нархгузорӣ дар сохтмони
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқ ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 10 Низомномаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №614 тасдиқ шудааст дар мувофиқа бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби таҳти №7521/9.1 аз 14 декабри соли 2012)

фармоиш медиҳам:

1. Аз 1 январи соли 2013 дар системаи амалкунандаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:

1) Дар харҷномаҳо мафҳуми «хароҷоти пудратчӣ» ба «хароҷоти борхат» ва «фоиданокии харҷномавӣ» иваз карда шуда андозаи онҳо мувофиқи ҲРС ҶТ 81-217-2011 «Дастури методӣ оид ба муайян намудани андозаи хароҷотҳои борхат ва фоиданокии харҷномавӣ» ба танзим дароварда шавад;

2) Дар харҷномаҳо бо сархати алоҳида андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ворид карда шуда, меъёри андоз мувофиқи моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шавад (намунаи ҳисоб дар замимаи №1);

3) Мутобиқи банди 1 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои содирот ва истифодаи меъёри пасткардашуда, агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, 18 фоизи муомилоти андозбандишаванда ва (ё) 18 фоизи воридоти андозбандишавандаро (минбаъд- меъёри стандартӣ) ташкил медиҳад.

4) Мутобиқи банди 2 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 ҳамаи муомилоти андозбандишавандаи корхонаҳои сохтмонӣ ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин содироти андозбандишаванда, бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 5 фоиз (минбаъд – меъёри пасткардашуда) бе иҷозати баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда андозбандӣ карда мешаванд;

5) Мутобиқи моддаи 296 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андози низоми соддакардашуда ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо - 5 фоиз;

- барои намудҳои дигари фаъолият - 6 фоиз (намунаи ҳисоб дар замимаи №2).

2. Барои корҳои лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯи ва сохтмонии иншоотҳои гузаранда аз соли 2012 ба ҳаҷми маблағҳои корҳои иҷронашуда, муқаррароти фармоиши мазкур татбиқ мегардад.

3. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» дар ҳуҷҷатҳо ва меъёрҳои амалкунанда мутобиқи фармоиши мазкур тағйиротҳои заруриро ворид намояд.

4. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонӣ ҳангоми гузаронидани ташхиси давлатии лоиҳаҳо тағйиротҳои воридшударо мувофиқ ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гиранд.

5. Ташкилотҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва фармоишгарон иҷроиши фармоиши мазкурро дар фаъолияти худ таъмин намоянд.

6. Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ дар сохтмон:

- дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои фармоиши мазкурро таҳти омӯзиш қарор дода, оиди камбудиҳои ҷойдошта дар системаи нархгузорӣ таклифу пешниҳодҳо манзур намояд;

- якҷоя бо Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» дар давоми соли 2013 семинар машваратҳои омӯзишӣ доири масъалаҳои андозбандӣ дар соҳаи сохтмонро ташкил намоянд.

7. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Н.Ғ. гузошта шавад.

Директор А. Комилов

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво