ФАРМОИШ № 49 аз «4» августи соли 2015 «Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо нишони сарисинагии «Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ф А Р М О И Ш

аз «4» августи соли 2015 №49 ш. Душанбе

Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи меъморӣ ва
шаҳрсозӣ бо нишони сарисинагии «Бинокори фахрии Ҷумҳурии
Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 №150 тасдиқ шудааст ва бахшида ба Рӯзи кормандони сохтмон

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:


1. Барои фаъолияти пурмаҳсулу самаранок ва саҳми босазою арзанда гузоштан дар рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон бахшида ба Рӯзи кормандони сохтмон бо нишони сарисинагии «Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони зерин тибқи рӯйхати замимагардида сарфароз гардонида шаванд.

2. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Н.Ғ. гузошта шавад.

Раис Ҷ. Аҳмадзода



Замима

ба фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «4»августи соли 2015 таҳти №49



Р Ў Й Х А Т И

кормандони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки бо нишони сарисинагии «Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони сохтмон мукофотонида мешаванд


Бо нишони сарисинагии «Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон»


1. Немцев Всеволод Иванович
Сарконструктори ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП»

2. Шарипов Ҳикмат Шарипович
Директори ҶСК «Кӯлобсоз»

3. Абдуллоев Тоҷибой
Муовини директори намояндагии Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Бо «Ифтихорномаи фахрӣ»

Аз дастгоҳи марказии Кумита


4. Раҷабов Шарифалӣ
Сармутахассиси Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ

5. Ғиёсов Далер Асрорович
Сармутахассиси Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ

Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ

6. Наимов Қурбоналӣ
Эксперти ғайриштатӣ

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар»

7. Ҳасанова Зарифа Аҳмадҷоновна
Сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозӣ

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Саноатсоз»

8. Аҳмадбеков Интизор Аҳмадбекович
Меъмори дараҷаи 3

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»

9. Бобоҷонов Алишер Каримович
Меъмори шуъбаи комплексӣ

Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»

10. Шокиров Раҷабалӣ
Корманди калони илмӣ

Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»

11. Ҳоҷиев Ҳайдаралӣ Мирзовалиевич
Директори Корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Рашт



Муассисаи давлатии «Рӯзномаи Бинокорон»

12. Эркаев Улмас
Мухбири махсуси рӯзнома

Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон

13. Умаров Махсуд
Директори ҶДММ «Евростройсервис»-и шаҳри Хуҷанд

14. Набиҷонов Неъматҷон
Сардори шуъбаи истеҳсолии ҶДММ «Каскад Хуҷанд»

15. Пӯлотов Тоҳир
Бригадири ҶДММ «Садҳунар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво