ФАРМОИШИ №57/ф аз 12.08.2011 сол «Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба нархгузорӣ ва меъёрдарории харҷномавӣ дар сохтмон»

ФАРМОИШ

аз 12. 08. 2011с. № 57/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи «Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба нархгузорӣ ва
меъёрдарории харҷномавӣ дар сохтмон»


Бо мақсади танзими давлатии фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».

фармоиш медиҳам:


1) МҚС ҶТ 81-03- 2010 «Нархҳои воҳидӣ ҷумҳуриявӣ барои корҳои сохтмон (НВв ҶТ-2009)». Маҷмӯаи №8 «Дастгоҳҳои барқию-техникӣ» тасдиқ карда шавад.

2) Ҳуҷҷати тасдиқгардида ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад ва пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3) Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Н.Ғ. гузошта шавад.

Директор А. Комилов
Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво