Ф А Р М О И Ш аз «10» ноябри соли 2015 № 105/ф ш. Душанбе

Ф А Р М О И Ш

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2009 № 659 тасдиқ шудааст ва банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмуни кушода эълон карда шавад:
- мутахассиси Раёсати шаҳрсозӣ;
- сармутахассиси Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ;
- мутахассиси пешбари Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ;
-мудири шуъбаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва амалӣ гардонидани они Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ;
- сармутахассиси Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ;
- сармутахассиси Раёсати иқтисод ва молия;
- мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод ва молия;
- мутахассиси Раёсати иқтисод ва молия;
- сармутахассиси Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ;
- мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ;
2. Бахши кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор карда шавад, ки рӯйхати мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Рӯзномаи бинокорон», Сомонаи Кумита пешниҳод намуда, дар гӯшаи эълони ҷойҳои ҷамъиятӣ, дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита номнавис намояд.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Н.Ғ. гузошта шавад.




Раис Ҷ.Аҳмадзода


Эълон
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани ҷойҳои
холии маъмурии хизмати давлатӣ аз моҳи ноябри соли 2015 озмуни кушода эълон менамояд

Номи мансаб Миқдор Маош
(сомонӣ) Талаботҳои тахассусӣ

Раёсати шаҳрсозӣ
Мутахассиси Раёсати шаҳрсозӣ 1-ҷой 576cом. Таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ


Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ
Сармутахассиси Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ 1-ҷой 855 сом. Таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
Мутахассиси пешбари Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ 1-ҷой 697,50 сом. Таҳсилоти олии касбӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ
Мудири шуъбаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва амалӣ гардонидани они Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ 1-ҷой 1150сом. Таҳсилоти олии касбӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
Сармутахассиси Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ 1-ҷой 855 сом. Таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ
Сармутахассиси Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ 1-ҷой 855сом. Таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Раёсати иқтисод ва молия
Сармутахассиси Раёсати иқтисод ва молия 1-ҷой 855 сом. Таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод ва молия 1-ҷой 697,50 сом. Таҳсилоти олии касбӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
Мутахассиси Раёсати иқтисод ва молия 1-ҷой 576сом. Таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ.

Шуъбаи ҳуқуқ
мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ 1-ҷой 576 сом. Таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ.



Довталабон барои иширок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-ариза;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ;
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи диплом;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи маълумотномаи ақди никоҳ;
-нусхаи маълумотнома аз андоз (ИНН);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;
-маълумотномаи доғи судӣ;
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо-14 рӯз аз таърихи ба нашр баромадани эълон.


Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Телефонҳо барои тамос: 221-98-59, 221-26-63

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво