29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 26 сентябри соли 2017 №90/ф Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармоишҳои директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

933
Ф А Р М О И Ш

аз 26 сентябри соли 2017 №90/ф ш.Душанбе

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе
фармоишҳои директори Агентии сохтмон ва меъмории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

120.030.030.

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Ба фармоишҳои директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2008, №7фк ва
аз 6 январи соли 2009, №2ф «Дар бораи тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба нархгузорӣ ва меъёрҳои харҷномавӣ дар сохтмон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақамҳои №№ 486, 496, 497, 499, 501, 502, 505, 506, 507, 508, 509, 510, 511, 512, 513, 514 аз 9 феврали соли 2009 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шавад:
- муқаддимаи фармоиш дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаҳои 5, 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст, фармоиш медиҳам»;
- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии зайл тасдиқ карда шаванд (замима мегардад):».
- дар банди 2 калимаҳои «муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Ба фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба нархгузорӣ ва меъёрҳои харҷномавӣ дар сохтмон»
аз 6 январи соли 2009, №2ф тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шавад:
- муқаддимаи фармоиш дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаҳои 5, 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст, фармоиш медиҳам»;
- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии зайл тасдиқ карда шаванд (замима мегардад):».
- дар банди 2 калимаҳои «муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
3. Фармоиши мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.



Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода





Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2017, таҳти рақами 514 «а» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво