Ф А Р М О И Ш аз 10 октябри соли 2017 №98/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои
меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 81-227-2017) «Низомнома оид ба гузаронидани мониторинги нархҳои
ҷории захираҳои моддӣ дар сохтмон»

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои 6 ва 48 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст ва бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,
Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 81-227-2017) «Низомнома оид ба гузаронидани мониторинги нархҳои ҷории захираҳои моддӣ дар сохтмон» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Корхонаҳои азим ва миёнаи истеҳсолкунанда ва таҳвилкунандаи масолеҳи сохтмонӣ, ки ба рӯйхат ворид карда шудаанд ҷиҳати дар фаъолияти худ татбиқ намудани муқаррароти санади мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 2012, №91/ф «Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба гузаронидани мониторинги доимии нархҳои хизматрасониҳо, ҳисобкунии индекси нархҳо ва масолеҳи сохтмонӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи Бинокорон», маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.




Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво