29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 10 октябри соли 2017 №97/ф ш. Душанбе

957
Ф А Р М О И Ш

аз 10 октябри соли 2017 №97/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои
меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 81-228-2017) «Дастурамали методӣ барои таҳия намудани таснифгар
ва додани рамзҳо ба масолеҳи сохтмонӣ»

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 43 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст ва бандҳои 4, 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,
Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Ҳуҷҷати роҳбарикунандаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 81-228-2017) «Дастурамали методӣ барои таҳия намудани таснифгар ва додани рамзҳо ба масолеҳи сохтмонӣ» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» ҷиҳати татбиқ намудани муқаррароти санади мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи Бинокорон», маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.


Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво