ФАРМОИШ аз «31» июли соли 2015 №44/ф ш. Душанбе

Дар бораи аз ҷониби Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ ба экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ.

Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти моддаи 23 ва 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 8 низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст, хулосаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 2015, №2-2-102, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2015, №7-2296ф-2015/9 ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2015, №10.1/1.2-1954

фармоиш медиҳам:

1. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ барои сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи қонунгузорӣ аз экспертиза гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 23 ва 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лолиҳавии шаҳрсозпешниҳод карда шаванд.

2. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ вазифадор карда шаванд, ки қонунгузории соҳаи шаҳрсозиро риоя намуда, экспертизаи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи моддаи 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертиза гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, бо тартиби муқаррарнамудаи кодекси мазкур таъмин намоянд.

3. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ вазифадор карда шавад, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозиро барои сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи қонунгузорӣ аз экспертиза гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 23 ва 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ қабул намояд.

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият гузошта шавад.

Раис
Ҷ. Аҳмадзода

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво