Ф А Р М О И Ш аз 15 июни соли 2017 №53/ф ш. Душанбе

Дар бораи иловапулӣ аз рӯи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ

Мутобиқи банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
3 майи соли 2014, №303 «Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ» ва банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Иловапулӣ аз рӯи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Иловапулӣ аз рӯи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ, ки дар соли 2015 таҳия гардида, бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2015, №6.1/60 ба мувофиқа расонида шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» ҷиҳати татбиқи муқаррароти фармоиши мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
4. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи бинокорон», Маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.


Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода
Замима
Бо фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2017, №53/ф тасдиқ шудааст.


Иловапулӣ аз рӯи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо
барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ

Иловапулӣ аз рӯи коэффитсиенти ноҳиявӣ (сомонӣ/соат)
Иловапулӣ
аз рӯи коэффитсиент барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ (сомонӣ/соат)
Хангоми кор дар баландии аз 2000 то 2300м - 0,091
Хангоми кор дар баландии аз 2300 то 2500м - 0,109
Хангоми кор дар баландии аз 2500 то 3000м - 0,120
Хангоми кор дар баландии зиёда аз 3000м - 0,182
ВМКБ 0,120
Вобаста аз баландии минтақа ба инобат гирифта мешаванд
ш.Норак 0,091 -
ш.Роғун 0,091 -
Дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳисоб кардани иловапулӣ аз рӯи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ бе маҳдудият аз рӯи музди меҳнати моҳонаи кормандон амалӣ карда шавад - -
Эзоҳ: Иловапулӣ аз рӯи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши талаботи банди
6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №303 «Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ» дар асоси «Дастурамал оид ба ҳисоб намудани коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ», ки бо фармоишҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
7 октябри соли 2014, №280 ва №121 тасдиқ гардидааст, таҳия карда шудааст.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво