19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 15 июни соли 2017 №55/ф ш.Душанбе Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои тарифии байнидараҷавии коргарони соҳаи сохтмон

960
Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои тарифии
байнидараҷавии коргарони соҳаи сохтмон

Мутобиқи моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст ва мактуби мувофиқавии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2017, №6.1/1151,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Коэффитсиентҳои тарифии байнидараҷавии коргарони соҳаи сохтмон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Дараҷаи миёнаи коргарон дар соҳаи сохтмон ба андозаи
4 муайян карда шавад.
3. Коэффитсиентҳои тарифии байнидараҷавии коргарони соҳаи сохтмон, ки то ба тасвиб расидани фармоиши мазкур мавриди амал қарор дошт, аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» ҷиҳати татбиқи муқаррароти фармоиши мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
5. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи бинокорон», Маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.
6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.


Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода

Замима
Бо фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2017, №55/ф тасдиқ шудааст.



Коэффитсиентҳои тарифии байнидараҷавӣ барои коргароне, ки
дар корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ ва васлгарӣ машғуланд

Дараҷа Коэффит
сиентҳои тарифии байнидараҷавӣ Дараҷа Коэффит
сиентҳои тарифии байнидараҷавӣ
1,0 0,7474 3,6 0,9543
1,1 0,7526 3,7 0,9657
1,2 0,7588 3,8 0,9771
1,3 0,7661 3,9 0,9886
1,4 0,7713 4,0 1,000
1,5 0,7775 4,1 1,0155
1,6 0,7848 4,2 1,0301
1,7 0,7910 4,3 1,0457
1,8 0,7973 4,4 1,0613
1,9 0,8035 4,5 1,0759
2,0 0,8108 4,6 1,0915
2,1 0,8160 4,7 1,1060
2,2 0,8243 4,8 1,1216
2,3 0,8326 4,9 1,1372
2,4 0,8399 5,0 1,1517
2,5 0,8482 5,1 1,1715
2,6 0,8555 5,2 1,1892
2,7 0,8628 5,3 1,2089
2,8 0,8711 5,4 1,2286
2,9 0,8783 5,5 1,2474
3,0 0,8867 5,6 1,2661
3,1 0,8960 5,7 1,2848
3,2 0,9085 5,8 1,3046
3,3 0,9200 5,9 1,3212
3,4 0,9324 6,0 1,3419
3,5 0,9428








Коэффитсиентҳои тарифии байнидараҷавӣ барои ронандагоне, ки
ба идоракунии мошинҳои пуриқтидор ва механизмҳои махсусан мураккаб машғуланд


Дараҷа Коэффит
сиентҳои тарифии байнидараҷавӣ Дараҷа Коэффит
сиентҳои тарифии байнидараҷавӣ
6,6 1,4410 7,7 1,6390
7,1 1,5249 8,3 1,7609


Коэффитсиентҳои тарифии байнидараҷавӣ барои гурӯҳи
коргарон-иҷрокунандагони корҳои бакорандозӣ

Гурӯҳи коргарон-иҷрокунандагони
корҳои бакорандозӣ Коэффитсиентҳои тарифии байнидараҷавӣ

Сармутахассис 1,900
Муҳандиси пешбар 1,760
Муҳандиси дараҷаи I 1,608
Муҳандиси дараҷаи II 1,468
Муҳандиси дараҷаи III 1,316
Техники дараҷаи I 1,063
Техники дараҷаи II 0,949




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво