29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 13 апрели соли 2017 № 41/ф ш. Душанбе

1067
КУМИТАИ МЕЪМОРӣ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Ш. Ҳусейнзода 36, тел: (992 37) 221-88-53, факс: (992 37) 223-02-00,
Сомонаи интернетӣ: www.tajsohtmon.tj, почтаи электронӣ: goskomstroy@mail.ru


Ф А Р М О И Ш

аз 13 апрели соли 2017 № 41/ф ш. Душанбе

Дар бораи Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ
(дастурамал барои мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ)

Мутобиқи банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ (дастурамал барои мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ), ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” тартиб дода шудааст, барои истифода иҷозат дода шавад.
2. Мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ (дастурамал барои мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ) дар фаъолияти худ истифода ва татбиқ намоянд.
3. Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” ҳамасола лоиҳаи нави “Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ”-ро бо назардошти тағйиру иловаҳо тартиб дода, барои истифодабарӣ пешниҳод намояд.
4. Фармоиши мазкур дар «Рӯзномаи бинокорон», Маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.


Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво