25 сентябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон!

147
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018, №335 ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ мерасонад, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ, сохтмони биною иншоот дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи қарори мазкур бо истифода аз санъати шаҳрсозии миллию муосир ва масолеҳи босифати сохтмонӣ бо сифати баланди меъморӣ ва сохтмонӣ бояд амалӣ карда шавад.

Бо ин мақсад Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 ошёнаро пешниҳод менамояд.

Ҷиҳати интихоби лоиҳаи намунавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба талаботи маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани он ба ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаи интихобшудро таҳия намудаанд, муроҷиат намоянд.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.

Намунаи лоиҳаҳо







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво