22 октябр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ДИҚҚАТ! Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин лоиҳаҳои ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ”

262
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин лоиҳаҳои ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ”

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сифати масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда дар асоси Нақшаи кории Кумита барои соли 2018, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи касбии кормандони сохтмон тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои 10-12 августи соли 2018 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин лоиҳаҳои ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ”-ро баргузор намояд.
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, лоиҳаҳои иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад, имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ “Дар бораи баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин лоиҳаҳои ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ” баргузор гардид.
Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни “Беҳтарин лоиҳаҳои ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ”, Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Намоишгоҳ ва Тартиби гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ оид ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ тасдиқ намуд.
Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда, истеҳсолкунандагони ҳунарҳои мардумӣ ва дигар хоҳишмандонро новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ барои иштирок дар озмуни зикршуда даъват менамояд.
Шарту талабот, нақшаи чорабиниҳои гузаронидани Намоиш –озмун ва дигар маълумотҳои иловагиро метавонед аз сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj ва аз “Рӯзномаи бинокорон” дастрас намоед.
Farmoish-dar-borai-Namoish-va-ozmun.doc [62 Kb] (cкачиваний: 2)
Hayati-Kumitai-tadorukot.doc [43,5 Kb] (cкачиваний: 1)
NAKShA-ChORABINI.doc [58 Kb] (cкачиваний: 1)
Sharthoi-ishtirok-dar-Namoishgoh-18.doc [32,5 Kb] (cкачиваний: 2)







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво